Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
İzmir °C

Боздид аз намоиши наврӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Истиқлол

Боздид аз намоиши наврӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Истиқлол
01.04.2023
A+
A-

 

 

 

 

Боздид аз намоиши наврӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Истиқлол

2023 , шаҳри Истиқлол

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истиқлол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши наврӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуд, дидан намуданд.

Дар ҷашнвораи наврӯзӣ сокинони шарафманду заҳматпешаи шаҳри Истиқлол бо ифтихори баланди ватандорӣ ва суруру шодмонӣ иштирок намуда, маҳсули заҳмат ва дастовардҳои меҳнатии худро ба намоиш гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба ҷашни ҷаҳонии Наврӯз самимона таҳният гуфтанд.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун ҷашни кадимаи миллати тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик, таърихи беш аз 6 ҳазор сола дорад, ки ҷавҳари аслии ин ҷашни бостониро саодату хушҳолӣ, ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ ва банёдкорӣ дар бар мегирад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки яке аз рамзҳои наврӯзӣ тозаву озода кардани хонаву маҳалли зист, кӯчаву хиёбон, шинонидани ниҳол ва коштани донаи умед мебошад.

Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ин ҷо хони идонаи ҳафтсину ҳафтшин, ки бозгӯи фарҳанги қадимаи дастархондории миллати кӯҳанбунёди тоҷик аст, ороста шуд.

Гӯшаи дигари базмгоҳи наврӯзиро таомҳои миллӣ, аз қабили ғизоҳои бо гиёҳҳои шифобахши баҳорӣ омодашуда зебу зиннат мебахшид. Дар дегҳои алоҳида кадбонувон суманак омода мекарданд, ки он аз рамзҳои асосии ҷашни Наврӯз аст.

 

 

 

Инчунин кадбонувони соҳибзавқу хушсалиқаи шаҳри Истиқлол дар гӯшаҳои алоҳида маҳсулоти нонӣ, аз ҷумла кулчаю қалама, чаппотию фатир ва амсоли ин омодаву пешниҳод карданд. Дар ин баробар маҳсулоти қаннодию шириниҳо, шарбату афшураҳо ва мураббои мевагӣ низ ба маъраз гузошта шуд. Дар як гӯшаи базмгоҳи наврӯзӣ ҷавонон бозиҳои варзишӣ, шеъру таронахонӣ ва гулбазм барпо карданд.

Дар намоиши наврӯзӣ ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, намадбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзию кашидадӯзӣ, шерозбофӣ, атласу адрасбофӣ ва ҷомадӯзию тоқидӯзӣ аз тарафи бонувони ҳунарманди шаҳр муаррифӣ гардид. Бояд гуфт, ки ҳунарҳои қадимаи кандакорӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, сабадбофӣ, сандуқсозӣ, оҳангарию дуредгарӣ ва дигар навъи ҳунарҳои дастӣ низ дар байни сокинони шарафманди шаҳри Истиқлол солҳои охир аз нав эҳё шуда, аз насл ба насл гузашта, рушду нумуъ меёбанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо мардуми шарафманди тоҷик бисёр хушҳолу сарбаланд ҳастем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашни воқеан мардумиро чун дастоварди бузурги хиради башар пазируфтааст. Бо қаноатмандӣ изҳор шуд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки сокинони сайёра ба ин оини моҳиятан фарҳангиву инсонпарваронаи тоҷикон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи баҳамоӣ, таҳкими сулҳу субот ва дӯстию рафоқат эътироф менамоянд.

Хусусиятҳои хоси дигари ҷашни Наврӯз инсонпарварӣ, некиву накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

Сокинони заҳматпешаи шаҳри Истиқлол бо барпо кардани намоиши дастовардҳо, анъанаҳои накуи наврӯзӣ, расму оинҳои миллӣ, маҳсули дасти кадбонуҳо, ҳунари устоҳои чирадаст, ташкили бозиҳои варзишӣ ин маконро ба базмгоҳи ҳақиқии идона табдил доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи Наврӯз ва анъанаҳои ин ҷашни хусравонӣ андешаронӣ карда, барои арҷгузорӣ ва идомаи расму оини аҷдодон ба сокинон изҳори сипос намуданд.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30346?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

REKLAM ALANI